ҚОИДАҲОИ ОДДИТАРИНИ ГИГИЕНАИ ДОХИЛИ ДАҲОН

Яке аз сабабњои асосии беморї ва вайроншавии дандонњо, ноогоњии одамон, аз оддитарин ќоидањои гигиена мебошад. Ханўз аз овони мактабї, ба хонандагон гуфта мешавад, ки дандонњоро, на камтар аз ду маротиба дар як рўз бояд мисвок намуд, аммо кам касоне ёфт мешаванд, ки мегўянд, бояд аз хамираи дандоншўии сифаташ баланд истифода намуд. Барои мисол, хамирањои дандоншўии арзон ва бе сифат аз бўр таёр карда мешаванд ва бўр маводест, ки оњиста -оњиста эмали дандонро аз байн мебарад! Ба ѓайр аз ин бояд хамираи дандонњоро мунтазам иваз кард; бо навбат аз намакин бо сафедкунанда, зидди варамї ва зидди кариесї истифода намуд. Тоза кардани дуруст низ ањамияти зиёд дорад. Тоза кардани дандонњо набояд аз 3 даќиќа зиёду кам бошад. Тозакуниро бояд аз ќатори болоии дандонњо оѓоз намуда, сипас ба
ќатори поёнї гузашт. Аввал ќисмати берунї ва баъд ќисмати дохилии дандонњоро тоза бояд кард. Барои он ки дандонњо вайрон нашаванд, инчунин низоми дурусти ѓизохўриро низ бояд риоят кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.