ДАР БОРАИ МО

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМИЮ КЛИНИКИИ СТОМАТОЛОГИЯ ВА ҶАРРОҲИИ ҶОҒУ РӮЙ

МД «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» тибқи Оинномаи пажӯҳишгоҳ, ки бо замима Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2014, № 698 тасдиқ шудааст, сармуассисаи ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй буда, бо мақсади гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва клиникӣ дар бахши стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ташкил гардидааст. Фаъолияти илмӣ, клиникӣ ва дастурии пажӯҳишгоҳ ҷиҳати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст. Пажӯҳишгоҳ дар самти илм ва клиника фаъолият намуда, ба беморон ёрии баландихтисоси дармонгоҳӣ ва беморхонавии стоматологӣ расонида мешавад.

Тибқи басти воҳидҳои кории тасдиқгардида дар Пажӯҳишгоҳ 112 адад воҳиди корӣ мавҷуд мебошад. Аз ин 94 воҳиди корӣ қисми клиника ва 18 воҳиди корӣ қисми илмиро ташкил медиҳад. Феълан дар Пажӯҳишгоҳ 53 нафар табиб, аз ҷумла 3 доктори илмҳои тиб (ҳамкор), 12 нафар номзади илмҳои тиб, 20 нафар табибони дараҷаи олӣ, 4 нафар табибони дараҷаи якум, 5 нафар табибони дараҷаи дуюм, 42 корманди миёнаи тиббӣ ва 21 нафар корманди хурди тиббӣ фаъолият менамоянд.

Кормандони Пажӯҳишгоҳ фаъолияти илмӣ ва пажӯҳиширо дар самтҳои зерин пеш мебаранд:

  • Ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои умда ва афзалиятноки стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй;
  • Омўзиш, таҳлил ва муайян намудани омилҳои муайянкунандаи гирифторшавӣ ба бемориҳои стоматологӣ миёни аҳолӣ;
  • Таҳияи асосҳои илмии пешгирии бемориҳои стоматологӣ;
  • Дар амал татбиқ намудани ҳамкорӣ ва такмилдиҳии пажӯҳишгоҳи илмӣ бо дигар пажӯҳишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ;   
  • Ба роҳ мондани корҳои ташкилию дастурӣ оид ба масъалаҳои стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй.