ДАНДОН ЧӢ ГУНА СОХТА ШУДААСТ?

Барои ин, ки мушаххас шавад, чаро дандонњо бемор ва вайрон мешаванд, бояд чї гуна сохта шудани дандонро бифањмем. Асоси дандонро дентин ташкил мекунад, ки дар ќисмати реша бо сементи дандонї ва дар ќисмати ѓилофаки дандон бо эмал пўшида шудааст. Дар дохили дандон, ковокие мављуд аст, ки бо моддаи «пулпа» (бофтаи тунуки маѓзи дандон) пур карда шудааст. Мањз тариќи моддаи пулпа, дандонњои мо, аз рагњои хунгарди организм ѓизо мегиранд. Асоситарин муњофизи устухони дандон, эмал мебошад, ки ќариб пурра, аз намакњои минералї таркиб ёфтааст. Дар рўи дандонњо бактерияњое мављуданд, ки фаъолияти онњо метавонад, ин эмали муњофизатиро аз байн бибарад. Ба пуррагї нобуд кардани ин бактерияњо имкон надорад, аммо бо риояти мунтазами гигиенаи дохили дањон, мешавад зиёдшавии онњоро пешгирї намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.