Кӯдакону наврасонро эҳтиёт бояд намуд!

Яке аз роњњои самарабахши љамъоварии иттилооти зарурї ва њамзамон пешгирї намудани беморињои стоматологї, ин анљом додани тадбирњои бењдошти (санатсияи) ковокии дањон дар байни кўдакон ва наврасон мебошад. Маъмултарин беморињои дандон кариес мебошад,ки музмин ва аз љињати пањн шави љои аввалро мегирад. Кариес аз бронхит 6-7 маротиба бештар дучор меояд, ки сари ваќт муолиља накардани он сабаби сар задани оризањои он (пулпит) дар натиљаи риоя накардани бењдошти ковокии дањон ва пайдоиши беморињои бофтањои атрофии дандон сабаб шуда метавонад. Сабаби дигар риоя накардани гигенаи ковокии дањон, љамъшавии чирк ва истеъмоли хўрокњои хунук мебошад, ки дар натиља милкњо хуншор ва дардманд гардида, бемории стоматит пайдо мешавад. Бо ин маќсад, феълан дар Пажўњишгоњ дар асоси дастури мўњтарам Вазир лоињаи фармоиши муштараки Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва Вазорати маориф ва илм «Дар бораи тадбирњои бењтар намудани пешгирии беморињои стоматологї дар байни таълимгирандагони муассисањои тањсилоти ибтидої, умумии асосї, миёнаи умумї, ибтидоии касбї ва миёнаи касбї» тањия гардида истода, рўзњои наздик ба баррасии вазоратњои зикршуда пешнињод хоњад гардид. Инчунин бояд зикр намуд, ки афзоиши гирифтории кўдакон ба бемории кариеси дандон, парадонтит ва пулпит нигароникунанда боќї мемонад. Сабаби аслии гирифторї ба ин навъи беморињои дандон, пеш аз њама огањ набудани волидон ва калонсолон аз ќоидањои оддитарини нигоњубин ва бењдошти дандони кўдакон мебошад! Истеъмоли аз њад зиёди шириниву шокаладњо, њафтањо истифода набурдани хамираи дандоншўи ва мисвок, ташрифи сариваќтї наовардан ба дандонпизишк ва маърифати тиббии ноќис доштани волидону набудани механизми чорабинињои пешгирикунандаи беморињои стоматологї мебошад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.