Барги Зуф – Подорожник большой

Зуф рустании бисёрсолаи алафи буда, ба оилаи зуфињо (Plantaginaceae) таалуќ дорад. Барги зуф якљоя аз баргпоя сабзида дарозиаш аз 5 – 20 см ва пањноияш аз 5 – 12см. Зуф дар моњњои июн – июл гулкарда, тухмаш дар моњњои сентябр – октябр пухта мерасад. Барги зуфро дар ваќти гулкуни љамъовари намуда дар љойњои њавогузар хушк мекунанд. Ќисми истифодабарї. Дар тиб ба маќсади дорувори барг, тухм ва шираи зуфро ба кор мебаранд. Хосиятњои шифобахшї. Барги зуф хусусияти зидди илтињобї зиддибактерияви илтињомовари захм, таскинкунандаи дард ва зиддиташануљи дорад. Дар соњаи стомотология обдам, обљуш ва ќиёми шаробии барги зуфро барои табобати беморињои бофтаи атрофи дандон (гингвастоматит язвенный, эрозивный) ва стоматити баъди зукоми бо усули чайќонидани ковокии дањон ва тарбандии захму решњо истифода мебаранд. Тарзи истифодабарї. Як љумљаи дисертї 10 гр барги зуфро дар як истакон оби љўш 10 – 20 даќиќа дам дода, соф намуда дар як руз 3 – 4маротиба барои чаќонидани ковокии дањон ва тарбандии захму решњо истифода мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.