Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ: рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, дар доираи он корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:
- Омода ва овезон намудани овезаҳо бахшида ба Рӯзи Модар 8 март иди байналмилалии Наврӯз, Соли 2017 – “Соли ҷавонон” ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ, бахшида ба Рӯзи касбии табибон, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.
- Шинонидани дарахтҳои ҳамешасабз – 20 дона, дарахтҳои мевадиҳанда – 24 дона, гулҳои мавсимӣ – 408 дона, гули садбарг – 100 дона.
- Шинонидани арчаҳои маржавел – 12 дона.
- Иваз намудани дарвозаи даромадгоҳи ҳавлии Пажӯҳишгоҳ – 16,6 м2;
- Бо сақочаҳои ороишӣ оро додани сатҳи ҳавлии даромадгоҳи Пажӯҳишгоҳ ба миқдори – 642 м2;
- Таъмири панҷараҳои ҳавлии Пажӯҳишгоҳ – 190 м2.
- Рангу бори утоқҳои корӣ дар шӯъбаҳои имплантология, ортопедӣ ва муолиҷавӣ – 250 м2.
- Рангу бори деворҳои даруни (забор) ҳавлии Пажӯҳишгоҳ – 600 м2.
- Даравидани газонҳо дар ҳавлии Пажӯҳишгоҳ – 1200 м2.
- Васлкунии серонити фасади берун (цокол) – 18 м2.
- Дар роҳравҳои даромадгоҳ рангубори бордюрҳо – 86 м2.
- Коркарди замин барои шинонидани зироатҳои ҳархела – 240 м2.
- Бурида гирифтани шохҳои қоқшудаи дарахтони ҳавлии назди Пажӯҳишгоҳ – 33 дона.
- Нарм намудани бехи дарахтон –160 дона.
- Тоза кардани гирду атрофи ҳавлии Пажӯҳишгоҳ – 1300 м2.
- Кашонидани партовҳо – 19 м3.