Таҷлили рӯзҳои ид

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз, 18 марти соли равон, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бо риояи суннатҳои Наврӯзи Аҷам, аз ҷумла густурдани хони ҳафтсин ва ҳафтшин, намоиши либосҳои миллӣ ва баргузории озмунҳои ҷолиб роҳандозӣ карда шуд, ки дар натиҷаи ҷамъбасти чорабинӣ шӯъбаи кӯдакон ва наврасон – сазовори ҷойи аввал, шӯъбаи муолиҷавӣ – сазовори ҷойи дуюм ва шӯъбаи ортопедӣ – ҷойи сеюм дониста шуда бо ифтихорномаҳои Пажӯҳишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

ҳамзамон бахшида ба ҷашни Соли ҷавонон ва таҷлили иди байналмиллалии Наврӯз чорабинии варзишӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи футболбозони шӯъбаи ортопедия бо гирифтани ҷойи якум сазовори ҷоми чорабинӣ гардида бо ифтихорномаи Пажӯҳишгоҳ гардиданд.

Кормандони пажӯҳишгоҳ бо шукргузорӣ аз даврони сулҳу оромӣ, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор намуданд, ҳамзамон бо иштироки намояндагони ҲХДТ ноҳияи  Сино қабули кормандони Пажӯҳишгоҳ ба сафи ҲХДТ баргузор гардид. Дар моҳи июли соли равон конфронси 17-уми ҳисоботи-интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони Пажӯҳишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.