Гули хайри – Алтей лекарственный

Гули хайри алафи бисёр сола буда ба оилаи тугмачагулњо (Malvaceae) мансуб мебошад. Баргњояш пайдарњам , тухмшакли парадор, гулаш ранги гулобии равшан, тухиаш гирдшакл мешавад. Табъи гулихайриро Абўали ибни Сино гарм ва тар шуморидаанд. Ќисми истифодабарї. Ба маќсади дорувори реша ва решачањои гули хайриро тирамоњ дар моњњои сентябр – октябр ва барваќтии бањор – моњњои апрел — май аз замин канда, аз хок тоза карда ба андозаи 1-2 см бурида дар офтоб ё хушккунакњои махсус дар зери њарорати 40-60 дараља хушк карда, дар ќутињои ќоѓазин, чубин то 3-5 сол нигоњ медоранд. Гулу баргњоро тобистон љамъовари карда дар соя хушк карда дар муддати 1-2сол нигоњ дошта истифода мебаранд. Хосиятњои шифобахшї. Решаи гули хайрї дорои хосиятњои оромбахшї, нумуъкунандаи масуният, зиддиилтињоби, таскинкунандаи дард, хунбандкунанда, илтињомовари захм ва нармкунанда мебошад. Дар соњаи стомотология обљўши гули хайриро барои чаќќа додани ковокии дањон ба беморони мубталои илтињоби вераи дандон, бодомакњо, ком ва забон истифода мебаранд. Тарзи истифодабарї. Як љумчаи чойнушии гули хайриро дар як истакон оби љўш 15 – 20даќиќа дам дода, соф намуда дар як руз 2 – 3 маротиба барои обгардон кардани ковокии дањон истифода мебаранд. Итеъмоли гули хайри барои меъда ва шуш зарар дорад . барои ислоњи ин хосияташ оби заргул, асал ва бодиён хурдан лозим аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.