Чойкаҳак – Зверобой

Чойкањак гиёњи худрўйи бисёрсола буда ба оилаи чойкањакгулон (Guttiferae) мансуб мебошад. Баргњои чойкањак дарози байзашакл ва гули панљбарга дошта, рангаш зард мешавад. Ќисми истифодабарї. Ба маќсади дорувори ќисми рўизами нии рустаниро дар баландии 20-30см аз сатњи замин бурида дар болохонањо, дањлез, дар сояи њавогузар хушк карда, дар ќутињои ќоѓазї ё халтачањои махсус дар љойи хушк то 3 сол нигоњ дошта истифода мебаранд. Хосиятњои шифобахшї. Чойкањак гиёњи “аз 99 касалї “ шифобахш аст. Чойкањак хуссусиятњои зидди микроби, зидди илтињобї, хунбанд, часпандагї таскинкунандаи дард, илтињомовари захм ва оромбахши системаи асабро дорост. Дар соњаи стомотология обљўши алафи чойкањакро барои табобати касалињои илтињоби луобпардаи ковокии дањон, забон, ком, илтињоби римноки бофтаи атрофи дандон ва забањ бо усули чайќонидани ковокии дањон истифода мебаранд. Тарзи истеъмол. 1 љумчаи чойнуши алафи чойкањакро дар 200 мл оби љўш 15 даќиќа дам дода, ва барои обгардон кардани дањон, 1/2 стакани мањлули гармро дар муддати 5 – 10 рўз истифода мебаранд. Дар ваќти бо чойкањак табобат кардан дар хотир бояд дошт, ки чойкањак њосилшавии гармонњои таносул (љинсї)- ро афзуда ба баромадани мўй дар рўй дасту по оварда мерасонад. Аз ин рў чойкањакро дар омехтаги бо гиёњњои дар таркибашон эстрогенњо дошта (решаи ширинбия, себаргаи сурх, пудина) истеъмол кардан зарур аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.