Кӯдакону наврасонро эҳтиёт бояд намуд!

Яке аз роҳҳои самарабахши ҷамъоварии иттилооти зарурӣ ва ҳамзамон пешгирӣ намудани бемориҳои стоматологӣ, ин анҷом додани тадбирҳои беҳдошти (санатсияи) ковокии даҳон дар байни кӯдакон ва наврасон мебошад. Маъмултарин бемориҳои дандон кариес мебошад,ки музмин ва аз ҷиҳати паҳн шави ҷои аввалро мегирад. Кариес аз бронхит 6-7 маротиба бештар дучор меояд, ки сари вақт муолиҷа накардани он сабаби сар задани оризаҳои он (пулпит) дар натиҷаи риоя накардани беҳдошти ковокии даҳон ва пайдоиши бемориҳои бофтаҳои атрофии дандон сабаб шуда метавонад. Сабаби дигар риоя накардани гигенаи ковокии даҳон, ҷамъшавии чирк ва истеъмоли хӯрокҳои хунук мебошад, ки дар натиҷа милкҳо хуншор ва дардманд гардида, бемории стоматит пайдо мешавад. Бо ин мақсад, феълан дар Пажӯҳишгоҳ дар асоси дастури мӯҳтарам Вазир лоиҳаи фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани пешгирии бемориҳои стоматологӣ дар байни таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ» таҳия гардида истода, рӯзҳои наздик ба баррасии вазоратҳои зикршуда пешниҳод хоҳад гардид. Инчунин бояд зикр намуд, ки афзоиши гирифтории кӯдакон ба бемории кариеси дандон, парадонтит ва пулпит нигароникунанда боқӣ мемонад. Сабаби аслии гирифторӣ ба ин навъи бемориҳои дандон, пеш аз ҳама огаҳ набудани волидон ва калонсолон аз қоидаҳои оддитарини нигоҳубин ва беҳдошти дандони кӯдакон мебошад! Истеъмоли аз ҳад зиёди шириниву шокаладҳо, ҳафтаҳо истифода набурдани хамираи дандоншӯи ва мисвок, ташрифи саривақтӣ наовардан ба дандонпизишк ва маърифати тиббии ноқис доштани волидону набудани механизми чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои стоматологӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.