Саҳми ҷавонон дар рушди стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй

Дар санаи 06.10. соли 2017 дар Пажӯишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй Семинари илмию амалӣ бахшида ба соли ҷавонон дар мавзӯи “Саҳми ҷавонон дар рушди стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” баргузор гардид. Дар семинари мазкур декану мудирони кафедраҳои тахассусии факултети стоматологӣ, Директори Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и донишгоҳ ва омӯзгорон фаъолона иштирок ва баромад намуданд. Бояд қайд намуд, ки гузаронидани чунин семинару ҳамоишҳои илмӣ дар соҳаи стоматология бо иштироки мутахассисони Донишгоҳ ва Пажӯҳишгоҳ тайи ду соли охир ба ҳукми анъана даромадааст. Семинари навбатӣ, бо иштироки кормандони Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и донишгоҳ баргузор хоҳад гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.