Пажӯҳишгоҳ дар татбиқи ду барномаи давлатӣ ва ду созишнома саҳмгузори менамояд, аз ҷумла:

Иҷроиши лоиҳа «Таҳияи усулҳои инноватсионии пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои ковокии даҳон». Мӯҳлати иҷроиш: 2017-2021

БД№0117TJ00822

Роҳбари лоиҳа: н.и.т. Қосимов М.М.

Лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз шуда, дар доираи он 280 бемор бо патологияи бофтаҳои  сахти дандон ва пародонт муоина карда шуд. Аз ин миқдор 67 кӯдак, 120 зан ва 93 мард, ки аз синни 14 то 54-соларо дар бар мегирифтанд.

Барои таҳлили биокимиёвӣ калсий ва фосфор дар хуни беморон ба озмоишгоҳи клиникию-биокимиёвии Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Ахмедов Карим, ки дорои патологияи бофтаҳои сахти дандон ва пародонт буданд, омўхта шуда истодааст.

Инчунин иҷрои “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” дар Пажӯҳишгоҳ дар мавзӯи: «Истифодаи усули эндоэкспресс дар эндодонтияи амалӣ» табобати оризаҳои кариеси дандон қисман ба роҳ монда шудааст. Ин усул имконият медиҳад, ки муолиҷаи эндодонтӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, оризаҳои табобат ба маротиб кам шаванд.

Ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 то ҳол маблағгузорӣ карда нашудааст.

Аз тарафи кормандони Пажӯҳишгоҳ 10 адад дастурҳои клиникӣ оиди соҳаи стоматология таҳия шуда истодааст.

Инчунин стандартҳо барои гузаронидани аккредитатсияи муассисаҳои стоматологӣ омода шуда истодааст.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ 10 конфронси табибони пажӯҳишгоҳ гузаронида шуд, ки дар онҳо 11 нафар кормандон бо маърӯза дар мавзӯъҳои мубрами стоматологӣ баромад намуданд. Аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳ 17 мақолаи илмӣ, аз он 4 мақола барои маҷалаи (КОА ФР) ба чоп супорида шудаанд.

Дар соли сипаришуда аз тарафи кормандони Пажӯҳишгоҳ 22 гувоҳнома гирифта шуд. Дар ин замина бо мутахассисони бахши онкология оид ба бемориҳои онкологии минтақаи ҷоҳу рӯй навовариҳо ҷорӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.