Фаъолияти дастуриву ташкилии Пажӯҳишгоҳ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳ аз рӯи амалӣ намудани корҳои дастуриву ташкилӣ ҳамоҳангии фаъолияти  Хадамоти стоматологии кишвар ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии стоматологии аҳолии мамлакат мебошад. Дар ин росто дар доираи барномаи ташакули тарзи хаёти солим аз соли 2011-2020 қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти № 560 қабул шудаадст дар Пажӯҳишгоҳ оид ба пешгирии бемориҳои стоматологӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда 10 намуд варақаҳои иттилоотӣ омода карда шуда ба ниёзмандон дар шӯъбаҳои Пажӯҳишгоҳ пешниҳод гардида, ҳамзамон аз тарафи кормандони Пажӯҳишгоҳ дар шаш барномаи телевизионӣ доир ба пешгирии бемориҳои стоматологӣ баромадҳо гузаронида шуданд.

Бо мақсади татбиқ намудани муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016”, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 335 тасдиқ шудааст, дар Пажӯҳишгоҳ комиссияи доимоамалкунанда созмон дода шуда нақшаи чорабиниҳои алоқаманд тасдиқ карда шуд.

ҳамзамон, кормандони пажӯҳишгоҳ ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 26 ноябри соли 2014, №1005  фаъолиятро дар самти мукамалсозии дастурҳои клиникии оид ба табобати беморони стоматологӣ дар шароити дармонгоҳиро кор бурда истодаанд.

Дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва барои амалисозии “Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” дар Пажӯҳишгоҳ бо фармоиши директори Пажӯҳишгоҳ аз 16 январи соли 2017, №03/1-ф/а комиссияи пайваста амалкунандаи идоравӣ таъсис дода шуд ва дар ҷаласаҳои назоратии назди директори Пажӯҳишгоҳ пайваста оид ба канорагирӣ ва худдорӣ аз падидаҳои номатлуби коррупсионӣ, аз қабили муздситонии ғайрирасмӣ, тамаъҷӯӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ дастурҳои зарурӣ дода шуда, муқаррароти “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва иҷрои “Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019”  ба кормандони муассиса бозгӯ карда мешаванд.

Кормандони Пажуҳишгоҳ дар чорабинии бахшида ба рузи тандурустӣ дар Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии Гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида фаъолона иштирок намуда ба 126 нафар беморон машварати таҳасуссӣ дода 10 намуд буклетҳои иттилоотиро оид ба чилавгирии бемориҳои стоматологи ба муроҷиаткунандагон пешниҳод намуданд.

Бо мақсади омӯзиши вазъи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кӯмаки дастуриву ташкилӣ ба муассисаҳои соҳавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо фармоиши алоқаманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Пажӯҳишгоҳ ва бо фармоиши директори Пажӯҳишгоҳ кормандони  масъули Пажӯҳишгоҳ ба ноҳияҳои вилояти Бадахшон, Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ фиристода шуданд.

Дар Пажӯҳишгоҳ Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият намуда, ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.06.2007, №272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар хонаводаи кормандони Пажӯҳишгоҳ 3 маросими азодорӣ (ҷаноза ва маъракаҳои алоқаманд ба ёдбуди марҳумон), 3 тӯй арусию домодӣ сурат гирифт, ки дар онҳо намояндагони Комиссияи ҷамъиятии Пажӯҳишгоҳ ширкат намуданд. Маросимҳои мазкур дар доираи иҷрои муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардиданд.

Дар таърихи 2-юми ноябри соли 2017 аз ҷониби мутахассис – сардори кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Сафаров ҳаёт дар мавзӯи: “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо коллективи кормандони Пажӯҳишгоҳ сӯҳбат гузаронд.

Дар Пажӯҳишгоҳ оростани зиёфат бахшида ба зодрӯзи кормандон, соҳиб шудан ба унвонҳои илмӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ қатъиян манъ карда шудааст. Инчунин истифода бурдани автомошинаи хизмати барои манфиатҳои шахси манъ карда шудааст.

Дар маҷлисҳои назорати роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ ҷиҳати риояи қонуни мазкур ба мудирони шӯъбаҳо ва кормандони Пажӯҳишгоҳ пайваста дастурҳои қатъӣ дода мешаванд.

Бо фармоиши директори Пажӯҳишгоҳ бо мақсади анҷом додани корҳои ташкилию дастурӣ ва таҳлили вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва тибқи нақшаи ёрии дастурӣ ва машваратии тасдиқшуда дар соли 2017, кормандони Пажӯҳишгоҳ ба минтақаҳои шаҳру вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ фиристода шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.