Баёнияи Пажӯҳишгоҳ дар 12 моҳаи соли 2017

Дар 12 моҳи соли 2017 дар Пажӯҳишгоҳ иҷроиши бандҳои алоҳидаи баёнияи таъмин карда шудааст:

Дар самти ташхис:

Барои муайян намудани перфоратсияи ҷавфи ҷоғи боло дар вақти амалиёти кандани дандонҳо дар ҷоғи боло бо воситаи дастгоҳи визиограф, ки бе восита дар маҳаллаи амалиет барои муайян намудани ҳолати устухони ҷавфи ҷоғи боло истифода бурда мешавад, дастрас карда шуда, ҳоло дар шӯъбаҳои Пажӯҳишгоҳ мавриди истифода қарор дорад. Яке аз афзалиётҳои он дар он аст, ки ў ба бемор зарари нурӣ (облучение) намерасонад.

Дар самти ҷарроҳии ҷоғу рӯй

Истифодабарии эндопротезҳо ва пластинаҳои титании системаи Конмет баъд аз бурида гирифтани омосҳои ҷоғи поён ба роҳ монда шудааст. Бартарии усул нисбат ба усулҳои пеш истифодашаванда дар он аст, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти ҳарроҳӣ бо истифодаи пластинаҳои титанӣ ба бемор осеби иловагӣ нарасонида, танҳо мавзеи лозима ҷарроҳӣ шуда барқарор карда мешавад.

Дар самти муолиҷа:

Истифодабарии маводҳои реставратсионии Admira Fusion ҳангоми табобати бемориҳои бофтаҳои сахти дандон ва истифодаи маҳлули каласепт дар муолиҷаи периодонтити музмини гранулятсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Бартарии Admira Fusion аз маводҳои дигари пуркард дар он аст, асоси он аз керамика иборат буда, коҳиши паст ҳангоми сахтшавӣ ва аз ҷиҳати биологӣ ба бофтаҳои сахти дандон мувофиқ мебошад.

Дар ортодонтия истифода бурдани “Тренерҳои силиконӣ К1” барои кӯдаконе, ки газишашон пурра иваз нашудааст, ба роз монда шудаадст.

Бартарии ин усул аз дастгоҳи ортодонтӣ дар он аст, ки пластинаҳои ортодонтӣ мураккаб, сахт, мушкил истифодашаванда ва муддати тулонӣ дар даҳон нигоҳ дошта мешаванд, аммо “Тренерҳои силиконӣ К1” дар истифодабари мулоим, осебнопазир ва муддати истифодабариашон кӯтоҳ, яъне дар давоми рӯз метавонад ҳамагӣ 2 соат истифода баранд, ки натиҷааш аз дастгоҳи ортодонтӣ дучанд зиёд мебошад.

Яке аз мушкилиҳои имплантология ин норасогии ҳаҷми устухони ҷоӯи боло аз ҳисоби атрофияи устухон ва паст ҷойгиршавии таги ҷавфи ҷоғи боло мебошад. Барои ҳалли ин масъала одатан амалиёти синуслифтинг гузаронида мешавад. Яъне бо роҳи ҷарроҳӣ пардаи ҷавф бардошта мешавад ва фосилаи бавуљудомада бо маводи устухонии сунъӣ пур карда мешавад.

Аз ҷиҳати иқтисодӣ ин амалиёт, албатта ба баландшавии харҷ ва нархи хизматрасонӣ оварда мерасонад.

Солҳои охир мо бо мақсади гузаронидани имплантатсия ва синуслифтинг аз плазмаи хуни бо тромбоситҳо ғанигардонидашудаи худи бемор истифода бурдем.

Бо ин мақсад, хуни бемор пеш аз амалиёт ба пробиркаи вакуумии яккарата гирифта мешавад ва дар муддати 10 дақ сентрифуг карда мешавад. Дар натиҷа плазма, ё фибрини бо тромбоситҳо ғанигардонидашуда ба вуҷуд меояд ва мо онро дар баъзе ҳолатҳо ба ҷои маводи устухонии сунъӣ истифода бурда метавонем.

Бартарии ин усул дар он аст, ки нисбат ба дигар усулҳо камхарҷ ва безаррар аст, чунки маводҳои яккарата ва хуни худи бемор истифода мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.