
Дар системаи тандурустии кишвар яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳа ин Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мебошад, ки ин мақомро 25-уми августи соли 2014 тибқи қарори №698 сазовор гардидааст.
Дар ин муассисаи давлатӣ 112 воҳиди корӣ мавҷуд буда, дар ҳоли ҳозир дар пажӯҳишгоҳ 54 нафар табиб, аз ҷумла 3 нафар доктори илмҳои тиб, 9 нафар номзадҳои илмҳои тиб, 17 нафар табибони дараҷаи олӣ, 7 нафар табибони дараҷаи якум, 6 нафар табибони дараҷаи дуюм ва 61 нафар кормандони миёнаи тиб ва кормандони хурди тиб фаъолияти корӣ менамоянд.
Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳ дар соли 2016 зиёда аз 25 489 бемор бо ташхис ва табобат фаро гирифта шудаанд, ки ин рақам дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 7974 беморро дар бар мегирад. Асоси қисми табобати клиникии пажӯҳишгоҳ аз сохторҳои зерин иборат мебошад:
1. Шӯъбаи муолиҷавӣ бо ҳуҷраи паронтологӣ ва тавонбахшӣ;
2. Шӯъбаи ҷарроҳии дармонгоҳӣ бо ҳуҷраи муолиҷавӣ дар зери беҳискунии умумӣ, ҳуҷраи ренгенӣ ва ҳуҷраи муолиҷавӣ дар зери беҳискунии умумӣ, ҳуҷраи рентгенӣ ва ҳуҷраи ёрии таъҷилӣ;
3. Шӯъбаи орпедӣ бо озмоишгоҳи дандонсозӣ;
4. Шӯъбаи стоматологияи кӯдакон ва наврасон бо ҳуҷраи ортодонтӣ;
5. Шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй;
6. Шӯъбаи имплантология;
7. Шӯъбаи стоматологӣ дар кӯчаи Абдуллобеков.
Давоми соли 2016 ба гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ ба 163 бемор ба маблағи 32043,5 сомонӣ хизматрасонии стоматологии ройгон анҷом дода шудааст, ки рақам дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 616 603 сомониро ташкил медиҳад. Давоми соли 2016 дар шӯъбаи муолиҷавии пажӯҳишгоҳ 5095 бемор ба табобат фаро гирифта шуданд, ки ин рақам дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 2574 нафар беморро ташкил намуд. Дар шӯъбаи ҷарроҳиву дармонгоҳӣ бошад, агар соли 2016-ум 2692 нафар бемор ҷарроҳӣ ва табобат карда шуда бошанд, ин рақам дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 1292 нафар беморро ташкил менамояд. Давоми соли 2016 дар шӯъбаи стоматология кӯдакон ва наврасон 2715 нафар бемор табобат ёфта бошанд, ин рақам дар нимсолаи соли 2017-ум 1310 нафар беморро ташкил намуд.
Яке аз шӯъбаҳои асосии пажӯҳишгоҳ — ин шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй мебошад, ки дорои 20 кати табобатӣ буда, дар он 6 нафар табиби беҳтарин фаъолияти корӣ доранд. Соли 2016-ум дар ин шӯъба 204 бемор барои табобати госпиталӣ бистарӣ кунонида шудаанд, ки ин рақам дар нимсолаи аввалин соли 2017-ум 123 беморро ташкил менамояд.
Яке аз корҳои асосии пажӯҳишгоҳ фаъолияти илмӣ мебошад. Давоми соли 2016 дар пажӯҳишгоҳ 5 конфронс гузаронида шудааст, ки дар он 11 нафар кормандон бо маърӯзаҳо дар мавзӯҳои стоматологӣ баромад намудаанд. Давоми нимсолаи аввали соли 2017 бошад, 6 конфронси илмӣ баргузор гардида, дар онҳо 6 нафар кормандон дар мавзӯҳои гуногуни стоматологӣ баромад намуда, 5 мақолаи илмӣ ба чоп супорида шудааст.
Шӯрои олимони пажӯҳишгоҳ аз 4 нафар — як нафар профессор, 2 нафар доктори илмҳои тиб ва як нафар номзади илми тиб иборат мебошад. Яке аз самтҳои асосии Шӯрои олимон фаъолияти ихтиёрии пажӯҳишгоҳ мебошад, ки давоми соли 2016 ва нимсолаи аввали соли 2017 кормандони пажӯҳишгоҳ дар самти ихтироъкорӣ 28 гувоҳномаро соҳиб гардидаанд.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй баҳри табобату ҳифзи саломатии аҳолии кишвар амалӣ менамояд, ин ёрии амалӣ расонидан ба кулли системаи тандурустии кишвар дар масъалаҳои ёрии стоматологӣ мебошад. Бо ин мақсад 30-юми июли соли 2016 дар ноҳияи Рашт конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ёрии стоматологӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» баргузор гардид, ки дар доираи он маҷмӯи маводҳо дар ҳаҷми зиёда аз 220 саҳифа ба чоп расонида шуд. Давоми соли 2016 кормандони пажӯҳишгоҳ дар 8 конфронси гуногун иштирок намуда, 44 мақола ва фишурдаҳои баромадҳоро ба чоп расониданд.
Кормандони пажӯҳишгоҳ дар ҳайяти корвонҳои саломатӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил карда шудааст, ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, ба хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ ва сокинони шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба 242 нафар, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 53 нафар кӯмаки стоматологӣ расониданд. Дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Дар бораи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дар доираи амалисозии «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» дар пажӯҳишгоҳ бо фармоиши директори пажӯҳишгоҳ комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шудааст. Ин комиссия ҳар сари чанд вақт аз фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод мекунад. Дар ҳамаи шӯъбаву ошёнаҳои пажӯҳишгоҳ нархномаҳои муайяншудаи хизматрасонии тиббӣ насб карда шуда, телефонҳои боварии Вазорати тандурустӣ ва роҳбарияти пажӯҳишгоҳ дар он нишон дода шудаст. Дар ҳамаи шӯъбаҳо гӯшаҳои гиёҳдармонӣ, ки аз қадимулаём гузаштагони мо худро бо гиёҳу гулбуттаҳо табобат мекарданд, мавҷуд буда, дилхоҳ шахс ройгон ба қадри дилхоҳ метавонад аз он истифода намояд. Хизматрасонӣ шабонарӯзӣ буда, нисбат ба табобатгоҳҳои хусусӣ чанд маротиба арзон аст ва кафолати табобат аз тарафи масъулини пажӯҳишгоҳ пурра дода мешавад.
Дар самти истифодабарии технологияи муосири стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ин муассиса яке аз беҳтаринҳо на ин ки дар Осиёи Миёна, балки дар давлатҳои ИДМ ба шумор меравад. Дар шӯъбаи ҷарроҳии ин пажӯҳишгоҳ бо истифода аз технологияи замонавӣ норасоиҳои модарзодии ҷоғу рӯй ва дандонҳо пурра табобат карда мешавад. Инчунин, дар ин пажӯҳишгоҳ пайвандсозии реша ва дандонҳои сунъӣ амалӣ карда мешавад, ки дар илми тиб яке аз дастовардҳои калони илмӣ ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Каримов Рустам — сокини шаҳри Кӯлоб, «ин пажӯҳишгоҳ бо шарту шароити корию нарху наво ва муомилаи беҳтарини кормандонаш, фикр мекунам, беҳтарин дар мамлакат мебошад, ки ҳоҷат ба гуфтанаш нест, бигзор мардум худашон бинанду хулоса бароранд. Дар ин ҷо беҳтарин клиникаи стоматологии сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгир аст, ки амсолашро ҷое надидаам».
Зимнан, Исмонов Азиз — сокини деҳаи Қавоқи ҷамоати деҳоти Сари Чашмаи ноҳия Шӯробод изҳор медорад, ки «ман солҳо азоби дарди дандон мекашидаму рӯзи якуми муроҷиатам ба ин беморхона беморӣ аз бадани ман фирор намуд. Офарин ба масъулину табибони ин муассиса».
Директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, номзади илми тиб Қосимов Маҳмадулло мегӯяд, ки «Истиқлолият ва Ваҳдатти миллӣ соҳаи тандурустии кишварро имрӯз чанд қадами ҷиддӣ ба пеш бурд. Он амалиётҳои тиббие, ки имрӯз дар клиникаҳои мо ва дигар клиникаҳои табобатии дигар муассисаҳо гузаронида мешаванд, дар гузаштаи на чандон дур мо онро дар хоб медидем. Имрӯз дар асоси дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмамалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ аз он имтиёзҳо ва дастгириҳое бархӯрдорем, ки метавонем дилхоҳ амалиётҳои тиббиеро, ки дар хориҷ аз кишвар бо маблағҳои ҳангуфт амалӣ карда мешаванд, дар Тоҷикистони азиз бо «дирам» анҷом диҳем».


















